Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи донишҷӯи Донишгоҳи исломии Тошканд ба корманди амният


Як донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи исломии шаҳри Тошканд бо ҷурми ҳамла ба корманди Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ва кӯшиши фирор аз кишвар, боздошт шудааст. Бар зидди ӯ аз рӯи се банди Кодекси ҷиноии Узбакистон парванда боз карданд. Яке аз кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Қибрайи Узбакистон мегӯяд, ки ин донишҷӯ 13 декабри соли равон, ҳангоми кӯшиши убури ғайриқонунии марз ва фирор аз Узбакистон, дастгир шуд.

"Ӯ мехост, тариқи деҳаи Зафарободи Қибрай ба Қазоқистон фирор кунад. Донишҷӯ ҳангоми боздошт ба корманди Нерӯҳои марзбонии Хадамоти амнияти миллӣ бо корд ҳамла карда, вайро захмӣ намуд. Дар натиҷа нирӯҳои махсус ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, донишҷӯйро боздошт ва марзбони захмиро ба беморхона интиқол доданд", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи як масъули шуъбаи амнияти Донишгоҳи исломии Тошканд, ин донишҷӯ зодаи шаҳри Намангон буда, тайи чаҳор соли таҳсилаш боре ба ҷавобгарии интизомӣ кашида нашудааст. "Мо боре мушоҳида накардем, ки ин донишҷӯ аз ақидаҳои ифротгароӣ ҷонибдорӣ кунад. Вай ҳамеша ба қонунҳои Узбакистон ва раҳбарияти кишвар эҳтиром қоил буд. Вақте бо мо тамос гирифта гуфтанд, ки ӯ мехост, аз кишвар фирор карда, ба сафи ҷангиён бипайвандад, бовар накардем", - афзуд масъули донишгоҳ.

Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қибрай мегӯянд, донишҷӯи боздоштшуда ҳангоми муқобилат нишон додан кордро хуб истифода карда, ба марзбон ҳамчун як ҷинояткори ботаҷриба ҳамла кардааст.

Ҳамсабақони боздоштшуда мегӯянд, ӯ тайи солҳои таҳсилаш боре ба амалҳои ифротгароёна даст назадааст. "Вайро танҳо замоне боздошт кардаанд, ки мехост аз роҳи кутоҳтар ба Қазоқистон биравад. Дар онҷо падараш зиндагӣ мекунад ва ӯ ҳар сол барои дидани падараш ба кишвари ҳамсоя меравад", - изҳор дошт яке аз донишҷӯён.

XS
SM
MD
LG