Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳақдод ба ҷойи Қоимдодов. Таъини сафири нави Тоҷикистон дар Беларус


Қозидавлат Қоимдодов
Қозидавлат Қоимдодов

Маҳмадшариф Ҳақдод, ки то ин вақт ба ҳайси муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон кор мекард, сафири нави кишвар дар Беларус таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Қозидавлат Қоимдодовро иваз кард.

Бино ба қарори ҳукумат, ки рӯзи 5-уми декабр содир шуд, Маҳмадшариф Ҳақдод, инчунин, намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди мақомоти мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин шудааст.

Рӯзи сешанбе бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон Зоҳир Саидзода ба ҷойи Маҳмадшариф Ҳақдод муовини вазири умури хориҷӣ таъин шудааст.

Қоимдодов бо сабаби бознишастагӣ аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Беларус, Латвия, Литва ва Эстония озод гардид. Қозидавлат Қоимдодов аз соли 2009 сафири Тоҷикистон дар Беларус ва ҳамзамон намояндаи кишвар дар Латвия, Литва ва Эстония буд.

XS
SM
MD
LG