Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Минск меравад


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти навбатии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, ки қарор аст рӯзи 30-юми ноябр дар Минск баргузор шавад, ба пойтахти Беларус парвоз мекунад. Як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми ноябр ба пойтахти Беларус сафар мекунад.

Ҳамчунин, қарор аст, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ин нишаст бо раҳбарони кишварҳои узви СПАД мулқоти дуҷониба баргузор кунад. Дар баробари Тоҷикистон, Арманистону Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия узви СПАД мебошанд.

Қарор аст, дар нишасти навбатӣ беш аз 20 масъалаи вобаста ба ҳамкориҳои кишварҳои узви СПАД ва ҳаёти ин созмони минтақаӣ матраҳ шавад.

Беларус дар ҷаласаи сарони кишварҳо раҳбарии давраии СПАДро дар соли 2017 ба анҷом мерасонад.

Гузоришҳои видеоӣ

Марги ду тоҷик дар амалиёти ниҳодҳои амниятии Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00
XS
SM
MD
LG