Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо аз қонуни “агентҳои хориҷӣ” дар Русия интиқод кард


Иттиҳоди Аврупо қонуни “агентҳои хориҷӣ” дар Русияро, ки рӯзи 25-уми ноябр аз тарафи Владимир Путин имзо шуд, ба шиддат интиқод кард. Ин қонун матбуоти хориҷиро дар Русия ба “агентҳои хориҷӣ” баробар медонад ва ба мақомоти кишвар ҳақ медиҳад, ки алайҳи онҳо таҳрим ҷорӣ кунанд.

Майя Косянчич, намояндаи Кумисюни Аврупо, рӯзи 26-уми ноябр дар баёнияе гуфт, ин қонун бо ӯҳдадориҳои Русия дар бахши ҳуқуқи башар мухолифат дорад.

Косянчич ин қонунро таҳдиди бештар барои расонаҳои озоду ва мустақил, дастрасӣ ба иттилоот ва “талоши дигари Русия барои пахш кардани садои озод” дар ин кишвар номид.

Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, созмони Афви Байналмилалӣ ва Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия низ аз қонун интиқод кардаанд.

Тафсилоти бештарро дар инҷо хонед:

Маскав қабули қонунро посух ба Амрико унвон кард, ки телевизиони Russia Today, шабакаи таҳти назорати Кремлинро ҳамчун “агенти хориҷӣ” сабт намудааст. Қаблан ин тарҳи қонунро Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсиюни Русия тасвиб карда буданд.

XS
SM
MD
LG