Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 25-уми ноябр тарҳи қонунеро имзо гузошт, ки матбуоти хориҷиро дар ин кишвар ба “агентҳои хориҷӣ” баробар медонад. Ин қонун ба мақомоти Русия иҷоза хоҳад дод, алайҳи расонаҳое, ки аз берун сармоягузорӣ мешаванд, таҳрим ҷорӣ кунад.
Созмони Афви Байналмилал гуфтааст, ин қонун ба озодии расонаҳо дар Русия зарбаи сахте хоҳад зад.
Қаблан ин тарҳи қонунро Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсиюни Русия тасвиб карда буданд. Маскав қабули қонунро посух ба Амрико унвон кард, ки телевизиони Russia Today, шабакаи таҳти назорати Кремлинро ҳамчун “агенти хориҷӣ” сабт намудааст.
Баъд аз қабули ин қонун дар Думаи давлатӣ Вазорати адлияи Русия ба чанд бахши Радиои Аврупои Озод – Радиои Озодӣ дар бораи эҳтимоли маҳдудият дар кори онҳо огоҳӣ фиристода буд. Дар ин огоҳӣ дақиқ гуфта нашудааст, ки дар сурати ба иҷро даромадани қонун кадом маҳдудият ҷорӣ мешавад.
Аммо намояндагони порлумони Русия гуфтанд, расонаҳои хориҷӣ бояд дар бораи сармоягузории худ гузориши муфассал дода, ҳангоми нашри матлаб ишора кунанд, ки онро “агенти хориҷӣ” таҳия кардааст.
Чунин огоҳии Вазорати адлияро намояндагии “Садои Амрико”, CNN ва “Мавҷи Олмон” дар Русия низ дарёфт кардаанд.
Баъди имзо шудани қонуни “агентҳои хориҷӣ” аз тарафи Владимир Путин, Том Кент – президенти Радиои Аврупои Озод - Радиои Озодӣ шоми 25-уми ноябр дар як эъломия гуфт, дар ҳоли ҳозир таъсири иҷрои қонуни навро пешбинӣ кардан ғайриимкон аст. Зеро, ба қавли ӯ, ҳеч созмони хабарӣ ба таври хос ба унвони “агенти хориҷӣ” шинохта нашуда ва маҳдудиятҳое, ки ба ингуна “агентҳо” ҷорӣ хоҳад шуд, эълон нагардидааст. “Мо ба кори хабарнигории худ идома дода, мухотабони русзабонамонро бо иттилооти дақиқ ва бетарафона таъмин хоҳем кард”, - афзуд ӯ.
Раҳбари Шӯрои мудирони BBG ё Идораи суханпарокании Амрико Ҷон Лэнсинг низ дар робита ба ин қонун изҳорот дод ва онро “таҳрифи воқеият” номид.
“Расонҳои Русия, бо шумули RT ва “Спутник” дар ҳудуди Амрико озодона фаъолият доранд. Маводи онҳо тавассути телезионҳои кабелӣ ва радиоҳои FM пахш мешаванд ва пахш хоҳанд шуд. Аммо расонаҳои Амрико бо шумули “Садои Амрико” ва Радиои Аврупои Озод - Радиои Озодӣ аз дастрасӣ ба телевизиону радио маҳруманд. Инчунин, журналистони мо, ки вазифаи касбии худро иҷро мекунанд, дар Русия мавриди таъқиб қарор гирифта, бо маҳдудияти фаъолият рӯбарӯянд”, - афзудааст ӯ.
Аз ин пеш, рӯзи 17-уми ноябр, Ҷон Ҳанстман – сафири Амрико дар Русия – дар дафтари Радиои Аврупои Озод – Радиои Озодӣ дар Маскав гуфт, ин қонун ИМА-ро сахт нигарон кардааст. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, озодии баён яке аз усулҳои аслии демократия аст.
То кунун Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, созмонҳои дигари байналмилалӣ ва Шӯрои ҳуқуқи инсон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандии назди президенти Русия аз ин қонун интиқод кардаанд. Созмони Афви Байналмилал ҳам аз ин қонун интиқод карда, гуфтааст, ин қонун ба озодии расонаҳо дар Русия зарбаи сахте хоҳад зад. Бо вуҷуди онки мақомоти Русия мегӯянд, ин қонун ба матбуоти дохилӣ ҳеч дахл надорад.
Баъди чанде мешавад гусола- гов Вой к-ин гусолача гове нашуд Гург ин дафъа дар пустини меш омада аст.
Мулорачаб акнун фахмиди камерахои ту дар дасти ки будааст ??? Афсонаро бинед ки боз онхо аризаи туро кабул кардаанд. 🤣🤣🤣 Макомот хамаи корашон спектакл будааст ку . Дар урфият бехуда нагуфтаанд : Хар шом ки ояд, зи паси он сахаре аст. Дуруги макомот дер напоид . Воры в законе - мегуянд шуморо ! Рушод медуздану боз худатро гунахкор мебароранд.
Гап дар сари гаронии НАРХИ махсулот НЕСТ балки дар чайби ТИХИ-м мардуму НОТАВОН будани ХАРИДОРИ-и мардум аст...масъалан бигирем дар Аврупо як чувт чуроб 5 евро НАРХ дорад азбаски аврупои маоши муносиби зиндагиашро МЕГИРАД бари вай як чуфт чуроб 5 евро киммат НЕСТ ва у ин чуробро БЕМАЛОЛ харидопри мекунад...бояд МАОШ ба сабади истимоли МУВОФИК бошад!!!
Хело афсонаи дуру дарози бе маъне! Хабарнигорони радиои Озоди барои дар назди хочагони худ, худро нишон додан хар афсонаи бе маънеро дар бораи ФР. чоп мекунанд. Озоди вактхои охир завки кас барои хондани маколахои бе маънии Шумо намеояд. Хохишмандам чоп кунед.
Проблема дар логистика аст, яъне шабакаи аз истеҳсолкунанда то истеъмолкунанда расидани маҳсулот мураттаб нест. Хусусан, ин камбуди дар шаҳри Душанбе баръало аён мегардад, ки набудани низоми савдои ғайристансионари нархи маҳсулоти кишоварзиро беасос зиёд менамояд. Баъди иваз шудани роҳбарияти шаҳр сатҳи идоракунӣ хеле паст шуд, зеро дар дастаи ҷавони шаҳрдорон малакаи касбӣ кофӣ нест ва чунин ҳолат ба ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти маишии сокинон таъсири манфӣ мерасонад.