Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе рӯзи 23-юми ноябр ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи инки чӣ маҷбур кардааст, баъзе аз оилаҳо фарзанди худро ба ятимхонаҳо супоранд, посух доданд.
Ман модар ҳастам ва дилам месӯзад. Аммо азбаски хонаву дар надорам, онҳоро ба интернат супурдам.
Яке аз назардиҳандагон рӯзи 23-юми ноябр гуфт, бештари ин ҳолатҳо замоне рух медиҳад, ки падар ё модари хонавода ба танҳоӣ аз уҳдаи бузург кардани фарзанд намебароянд ва ночор онҳоро ба пушти дари ятимхонаҳо мебаранд. “Назар ба инки кӯдакон ташнаву гушна ва саргардон бошанд, беҳтар аст, дар хонаи ятимон истанд. Дар онҷо ақаллан ғизои хубтар мехӯранд, мепӯшанд, меомӯзанд. Ба кӣ маъқул аст, ки фарзандонашон дар интернат бошанд? Ба фикрам, ҳамааш аз маҷбурист”, - афзуд ин мусоҳиби мо.
Сокини дигар гуфт, баъзе аз оилаҳо аз ин тариқ мехоҳанд, аз фарзандони ғайриникоҳии худ халос шуда, обрӯи худро дар назди пайвандон ва ҷомеа ҳифз намоянд.
Дар ҳамин ҳол, яке аз пурсидашавандаҳо гуфт, худи ӯ ду фарзандашро ба хонаи ятимон супурдааст, чун имкони бузург кардани онҳоро надорад. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, худаш ба ҳайси роҳрӯб дар пойтахт кор мекунад, аммо азбаски шавҳар ва манзили зист надорад, нигоҳубини кӯдакон барояш мушкил аст. “Ман модар ҳастам ва дилам месӯзад. Аммо азбаски хонаву дар надорам, онҳоро ба интернат супурдам. Чанд вақт пеш гирифта будам, то ҳамроҳам бошанд. Аммо дар ин хунукӣ дар паҳлӯи ман зиста наметавонанд. Ман гӯё дар берун зиндагӣ дорам. Аз шавҳарам ҷудо шудаам ва ӯ чанд сол боз ба мо нигоҳубин намекунад.”
Назарҳои дигарро дар ин навори видео бинед ва андешаи худро ҳам бинависед:
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки аксари ятимхона ё парваришгоҳҳои кишварро фарзандони оилаҳои камбизоат, модарони танҳо ва муҳоҷирони кориву маҳбусон пур кардаанд. Мақомот соли гузашта гуфта буданд, ки аз 91 кӯдаки парваришгоҳи рақами дуи шаҳри Душанбе танҳо як “кӯдаки маъюби партофташуда” буд, боқӣ фарзандони оилаҳои камбизоат ҳастанд.
Ба далели кам будани ятимони кул (онҳое, ки ҳам падар ва ҳам модар надоранд) ба дархости фарзандхонҳо ё ҷавоби рад дода мешавад ё ин марҳила хеле тӯл хоҳад кашид. Бошандагони муваққатии хонаи кӯдакон ба фарзандхонӣ дода намешаванд.
Ҳоло дар Тоҷикистон танҳо чор Хонаи кӯдакон ё парваришгоҳ (дар Душанбе ва Хуҷанд) фаъоланд. Дар се соли охир додгоҳҳои кишвар беш аз 50 муроҷиати шаҳрвандон барои фарзандхониро рад кардааст, ки ба бовари онҳо имкони молии нигоҳубини кӯдакро надоштаанд.
Рахмат ба президентони ду кишвар. Ин ду халки дустро касе чудо карда наметавонад. Онхо садсолахо бо хам зистанду урфу одати ягона доранд. Ислом Каримов барои сардии байни ду халки бародар андохтааш дар таърих садсолахо бо "некй" ёд хохад шуд!!!
Чуба аку сурати Чаноби Рустама монден да ича е мехохен гуенд ки карза Чаноби Рустам дар оянда месупора... Чаноби Рустама мехохонд беобру кунанд баьзехо аммо хамиро Фаромуш накунед ки ин шахсият натанхо сиесат шинос балки ободкор хам аст президент шавад бовар кунед аз падараш хам ободкортару ихтироькортар аст Аллох дар дили ин одам хамаи хубихоро гузоштааст нигох кунед ин ободии шахрро ин навгонихоро ин ихтироькориро натанхо Чаноби Рустам карзхоро меканад балки бо хости Аллох чунон Точикистонро ободтару бойтар месозад, балки Чинро карздор хам месозад.
Душанбе
Агар бар хамаи хамин занхо чойи кор ташкил кунанд онхо хеч гох ба ин рохи фасод намераванд онхо аз мачбури ин корро мекунанд баъзе онхо шавхарошон вафот кардаги аст ва баъзе онхо аз шавхарошон чудо шудаги астанд,бинобар хамин хуб мешуд ки дар конуни ЧТ. Дузанагиро ичозат медоданд то ки ин бевазанхо дар кади куча намемонданд хастанд нафароне ки имконияти дузанагиро доранд.
Ҳар рӯз қонун таҳия кардан даркор нест ҷои кора таҳия кардан даркор мӯҳтарам вакилони дар хоби гарон рафта