Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модар барои... як соат. ВИДЕО


Дар Екатеринбург як гурӯҳи духтарони ихтиёрӣ хадамоти нави “Модар барои як соат”-ро таъсис додаанд. Вазифаи аслии онҳо - кӯмак ва нигоҳубини кӯдакони ятиму маълул дар беморхонаҳои маҳаллӣ аст.

Оксана ҳам яке аз чунин "модарони" муваққатӣ аст. Ӯ чанд соати худро дар рӯзи ба нигоҳубини Мишаи севунимсола мебахшад. Миша ба бемории фалаҷ гирифтор аст ва ин маризӣ ҳам боис шуда, ки падару модар аз ӯ даст кашанд. Дар ятимхона аз ӯ муррабиҳо муроқибат мекунанд, аммо вақте ҳолаш бад мешаваду барои муолиҷа ба беморхона интиқол меёбад, ӯ ба як парастор ниёз дорад.

Оксана, яке аз ихтиёриёни гурӯҳи “модар барои як соат”, мегӯяд, дар бемористон кӯдакони маълул ва беҳаракат зиёданд, дасти ҳамшираҳои шафқат барои кӯмак ба ҳамаи онҳо намерасад. Вай мегӯяд, ”агар касе дар пеши ин кӯдак набошад ӯ чӣ тавр хӯрок мехӯрад? Инҷо чунин кӯдакон хеле зиёданд”.

Оксана мегӯяд, онҳо дар беморхонаҳо кӯдаконеро, ки вазъи сиҳатиашон хеле бад аст ва аз ятимхонаҳо оварда мешаванд, нигоҳубин мекунанд. Тибқи қонунҳои бемористонҳо, кӯдакони ятимро бе парастор қабул мекунанд. Дилоро Акирова яке аз дигар ихтиёриёни гурӯҳи “модар барои як соат” мегӯяд: “Дар беморхонаҳо ихтиёриён намерасанд. Дар гурӯҳи мо ҳам шумори хосторони кӯмак ба кӯдакони мариз зиёд нест”.

Модар барои... як соат
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Масъулини бемористон ҳам мегӯянд, ки иқдоми гурӯҳи ихтиёриёнро бо хушнудӣ пазируфтанд.

Елена Некрасова, мудири шӯъбаи ҷарроҳии бемориҳои қафаси сина дар бемористони рақами 1-и шаҳри Екатеринбург мегӯяд: "Ҳамшираҳои шафқат, ба ҳар ҳол, бештар кӯмаки тиббӣ мерасонанд. Вале барои ин кӯдакон , ки бистарӣ ҳастанд ва аз ҷой хеста наметавонанд, як корманди иҷтимоӣ ё парасторе муҳим аст. Ба онҳо бояд хӯрок дод, танашонро шуст, бо онҳо сӯҳбат кард.”

Фақат ба ин бемористони Екатеринбург, дар як моҳ то 5 кӯдак оварда мешавад. Барои ҳар кӯдак то 4-5 парастор ё “модар барои як соат” зарур аст. Юлия Белканова яке аз ташаббускорони гурӯҳи ихтиёриёни модар барои чанд соат мегӯяд, ҳоло дар хадамоти ӯ 35 ҷавонзан ба ҳайси "модарони ихтиёрӣ" кор мекунанд, вале ин шумор ҳам кам будааст. Дархост барои ҷалби нирӯи онҳо назар ба имконият хеле бештар будааст.

XS
SM
MD
LG