Пайвандҳои дастрасӣ

Пули консерти Сурайёи Қосим ва Шабнаму Фарзона ба дастаи "Равшан"


Сурайёи Қосим бо духтараш Шабнами Сурайё

Овозхони маъруфи тоҷик Сурайёи Қосим ва духтаронаш Шабнаму Фарзона бо баргузории як консерти муштарак зоҳиран ба тамоми рӯзҳои нохушии худ “хайрбод” гуфтанд. Ин консерти хайриявӣ рӯзи 30-юми июл беш аз дувоздаҳ ҳазор мухлиси ин хонаводаро дар Амфитеатри шаҳри Кулоб ба ҳам овард.

Кумак ба ду ятимхона

Аз соли 2012 то ин дам дар зиндагии хонаводагии мо шикасту рехтҳои зиёд шуд. Вале сабр аз ҳама чизи хуб аст. Сабр кардем, вақт ҳамаашро нишон дод.

Сурайёи Қосим овозхони маъруфи тоҷик рӯзи 1-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пули аз консерт ба дастомадаро ба ду ятимхона ва дастаи футболи “Равшан” ироа хоҳанд кард. Билети консерт 15 сомонӣ арзиш дошт, вале тамоми харҷи баргузории консертро ин хонавода аз ҳисоби худ сарф кард.

Консерти муштараки ин хонавода дар ҳоле баргузор шуд, ки ба гуфтаи Сурайёи Қосим оилаи ӯ дар 5 соли ахир шикасту рехти зиёдеро пушти сар кард. Сурайёи Қосим мегӯяд, бо ин консерт онҳо ба тамоми мушкилоте, ки дар ин муддат паси сар кардаанд «хати сафед» кашиданд.

Овозхони маъруфи тоҷик ба вижа аз марги ягона писари 16-солааш ёд оварда, таъкид кард, ки интихоби толор барои ин консерт ҳам тасодуфӣ набуд.

"Сабр кардем, вақт ҳамаашро нишон дод"

Шабнами Сурайё
Шабнами Сурайё

Ба гуфтаи ӯ, толори Амфитетари шаҳри Кулобро ӯ маҳз ба хотире интихоб кардааст, ки ба оромгоҳи писараш наздик аст ва ӯ бовар дорад писари марҳумаш садои дили модару хоҳаронашро шунид. “Бори охир консерти ман дар соли 2012 бо номи “Баъди борон” буд ва то ин консерт воқеан дар зиндагии хонаводагии мо шикасту рехтҳои зиёд шуд. Вале сабр аз ҳама чизи хуб аст. Сабр кардем, вақт ҳамаашро нишон дод. Шукри Худо, тавре ки мехостем консерт ҳамонгуна баргузор шуд, чун ин консерт барои кори хайр буд. Медонед кори хайр худаш баракат дорад, барои ҳар як сароянда обрӯ меорад”, - мегӯяд Сурайёи Қосим.

Консерти хайрияи хонаводаи Сурайёи Қосим бо ҳимояти ҳукумати шаҳри Кӯлоб ва ҳафтаномаи “СССР” баргузор шуд. Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи “СССР”, ки сарпарастии кулли ин консертро бар дӯш дошт, мегӯяд, овозхонҳо дар консерти хайрия ба таври зинда тарона иҷро карданд.

12 ҳазор мухлис каф кӯфтанд

Сайёфи Мизроб
Сайёфи Мизроб

Ба гуфтаи ӯ, азбаски Шабнаму Фарзона дар чанд соли ахир наметавонистанд, консерти худро баргузор кунанд, чорабинӣ роҳи онҳоро ба саҳнаҳои бузургтар дар Тоҷикистон боз хоҳад кард. Ӯ гуфт, “вақте як лаҳза барқ хомӯш шуд, Фарзонаи Хуршед бидуни баландгӯяк ва бидуни пойафзол рӯи саҳна омад ва суруд хонд, ки дувоздаҳ ҳазор мухлис бо як овоз каф кӯфтанд”.

Худи Фарзонаи Хуршед ҳам дар ин бора бо як паёми видеоӣ дар саҳифаи “Инстаграм” гуфт, аз баргузории консерт розист ва ба тамоми мухлисонаш барои ҳамроҳии онҳо дар ин рӯзи хуш орзуҳои нек кардааст.

Таҳиягарони консерт ҳам мегӯянд, ин чорабинии хайриявӣ бо иштироки хонаводаи маъруфи Сурайёи Қосим дар Кӯлоб аз камтарин консертҳое буд, ки бидуни ҷангу ҷанҷол баргузор шуда, мухлисон аз Бадахшону Суғд ва Душанберо барои тамошо ба Кӯлоб овард.

Мансур Неъматов, раиси ширкати “Tojikon Holiday”, ки барномаи ташкилии ин консертро бар дӯш дошт, гуфт, ҳаводорони ин овозхонҳо ҳатто берун аз ҷои нишаст ҳам ин консертро тамошо карданд.

Хатти сафеди тақдир баъди панҷ соли нохушиҳо

Фарзонаи Хуршед
Фарзонаи Хуршед

Хонаводаи Сурайёи Қосимро, ки ҳаводорони зиёде доранд, дар ин чанд соли ахир дар воқеъ чандин ҳодисаи нохуш дунболагир буд. Ду соли пеш хонаи онҳоро дар Кӯлоб ғорат карданд. Баъди чанде дар манзили зисти Сурайёи Қосим сӯхтор ба амал омад, ки дар паи он тақрибан 30 дар сади манзили зисти овозхон ба коми оташ рафт.

Шабнаму Фарзона дар ин муддат аз ҳунарнамоӣ тариқи шабакаҳои давлатӣ маҳрум шуда ва ба барномаҳои консертии ҳукумат ҳам роҳ намеёфтанд. Як соли пеш ҳам Сурайёи Қосимо дар Ҳиндустон ҷарроҳӣ шуд ва сиҳатиаш бад арзёбӣ мешуд. Бо беҳтар шудани ҳоли ин овозхон, сиҳатии писараш Эмомалӣ, ки ба дарди саратон гирифтор буд, бад шуд. Баъди чандин моҳи табобат ӯро аз даст доданд ва акнун мисле, ки дар зиндагии ин оилаи маъруф хатти сафед пайдо шуд. Шабнаму Фарзона акнун дар барномаҳои консертии давлатӣ дубора даъватиянд ва роҳашон барои ташкили консертҳои вижаву бузург ҳам боз шуд.

Ба ин тартиб Сурайёи Қосим, мегӯяд, ҳамроҳи Шабнаму Фарзҳона ният доранд, то консертҳои хайриявиро дар кишвар бештар кунанд ва ба ин васила кумакашонро ба афроди ниёзманд бирасонанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG