Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури бунёди майдончаҳои бештари варзишӣ дар Душанбе


Раисҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки дар шаҳри Душанбе боз 92 майдончаи нави варзишӣ сохта шуда, 12 боғу гулгаштҳо азнавсозӣ карда шаванд. Ин иншоотҳо бо маблағҳои вазорату идораҳои давлатӣ бунёд хоҳад шуд.

Дар дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе рӯзи 20 ноябр ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки фармоиши раисҷумҳур дар ин бора 10 ноябр содир шудааст.

Ба қавли манбаъ, тибқи фармоиш бо маблағи вазорату идораҳо ва шахсони мансабдор дар шаҳри Душанбе боз 92 майдончаи нави варзишӣ барои кӯдакон бунёд шуда, 12 боғу гулнаштҳо, аз ҷумла боғи “Кӯли ҷавонон” бозсозӣ хоҳад шуд.

Манбаъ афзуд, сохтмони майдончаҳои варзишӣ ва тармими боғу гулгаштҳо бояд то моҳи сентябри соли оянда пурра анҷом шаванд.

Бо таъйин шудани Рустами Эмомалӣ ба симмати раиси шаҳри Душанбе, ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби як қарор вазорату идораҳоро муваззаф намуд, ки дар шаҳри Душанбе майдончанҳои варзишӣ бунёд кунанд. Ҳатто идораву вазоратхонаҳое, ки корашон ба сохтмон ва меъморӣ ҳеҷ алоқамандӣ надорад, дар шаҳри Душанбе майдони варзишӣ, роҳ ва ё майдончаи кӯдаконаеро бунёд карданд. Дар соли равон дар Душанбе беш аз 70 майдончаи варзишӣ бунёд шуд.

XS
SM
MD
LG