Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури Муҳаммадҷавод Зариф дар маросими азодорӣ дар Тоҷикистон


Муҳаммадҷавод Зариф дар маросими азодорӣ дар намозхонаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон. Акс аз торнамои сафорати Эрон
Муҳаммадҷавод Зариф дар маросими азодорӣ дар намозхонаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон. Акс аз торнамои сафорати Эрон

Муҳаммадҷавод Зариф – вазири умури хориҷии Эрон – ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон дар як маросими азодорӣ ба хотири шаҳодати Имом Ҳусейн иштирок кардааст. Мақомоти сафорати Эрон дар Тоҷикистон гуфтанд, ки маросим охири ҳафтаи гузашта дар намозхонаи сафорат дар Душанбе баргузор шуд.

Дар ин маросим чанде аз дипломатҳо ва бархе аз эрониёни муқими Тоҷикистон низ иштирок кардаанд. Дар хабари расмии сафорати Эрон гуфта шудааст, “ибтидо намозро бо ҷамоат баргузор карда, сипас, зиёрати Ошур қироат шуд. Ширкат дар ҷамъи азодорон дар рӯзи арбаин поёни бахши барномаҳои сафари эшон ба Тоҷикистон буд.”

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, охири ҳафтаи гузашта бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад ва бо вазири умури хориҷии кишвар Сироҷиддин Аслов ва раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ кард. Дар ҷараёни сафари ӯ бинои нави сафорати Эрон дар Душанбе низ ба истифода дода шуд.

Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан ду соли охир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи имсол алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистиро сармоягузорӣ карда буд.

Эрон ин иттиҳомро бепоя хонд ва гуфт, риштаи дӯстӣ бо Саудӣ, аз рақибони аслии Ҷумҳурии Исломӣ дар Ховари Миёна, Душанберо аз Теҳрон дур мекунад.

XS
SM
MD
LG