Пайвандҳои дастрасӣ

Афроди ниқобпӯш ба хабарнигорон дар Киев ҳамла карданд


Виктор Медведчук

Дар фурӯдгоҳи Киев, пойтахти Украина, хабарнигорони "Схема" - тарҳи муштараки Радиои Аврпуои Озод/Радиои Озодӣ ва "Перший" - шабакаи аввали телевизиони Украина мавриди ҳамлаи афроди ниқобпӯш қарор гирифтанд. Онҳо дар бораи бозгашти Виктор Медведчук - раҳбари созмони маскавгарои "Интихоби Украина", аз Русия гузориш омода мекарданд. Хабарнигори "Схема" Михайил Ткач дар Фейсбук навишт, ки афроди ниқобпӯш нагузоштанд, хабарнигорон бозгашти Медведчукро ба навор бардоранд.

"Онҳо моро бо оринҷ тела медоданд, ду дафъа дурбинро аз дасти наворбардори мо кашида гирифтанд, роҳи мошини моро масдуд карданд, коре карданд, ки мо натавонем нишастани ҳавопаймо ва берун омадани Медведчукро ба навор бигирем"- навиштааст Ткач.

Ткач мегӯяд, афроди ниқобпӯш ҳамон муҳфоизоне ҳастанд, ки барои Медведчук дар фурӯдгоҳи "Жуляни" кор мекунанд.

Виктор Медведчук - сиёсатмадори маскавгарои Украина- бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин равобити наздик дорад. Ӯ аз иштирокдорони доимии музокироти ҳалли низои Шарқи Украина аст, ки дар байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳон ҷараён мегирад. Русия аз дар ин низоъ аз ҷудоиталабон пуштибонӣ мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG