Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори маъруфи Узбакистон Ҳаёт Хон Насриддинов боздошт шуд


Блогнависи маъруф, рӯзноманигор ва омӯзгори фанни иқтисод Ҳаёт Хон Насриддинов дар Тошканд боздошт шудааст. Хабар дода мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ӯ дар боздоштгоҳи Хадамоти амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Алексей Волосевич, рӯзноманигори маҳаллӣ менависад, ки Насриддинов тақрибан 20 октябр аз сӯи кормандони Хадамоти амнияти миллӣ боздошт шуд.

“Сабаби боздошти ӯ дақиқ нест. Кормандони амният гуфтанд, ки гӯё ӯ аз вакили дифоъ даст кашидааст”, - менависад Алексей Волосевич.

Ба гуфтаи Волосевич, хонаводаи Насриддинов намехоҳад бо рӯзноманигорон суҳбат кунад. Ӯ ҳадс мезанад, ки эҳтимол боздошти Насриддинов ба парвандаи Бобомурод Абдуллоев рабт дорад.

Ҳаёт Хон Насриддинов чанд муддат бо хабаргузории “Фарғона” ҳамкорӣ дошт. Даниил Кислов, сармуҳаррири “Фарғона” мегӯяд, аз боздошти Насриддинов қариб 15 рӯз гузашт, аммо то кунун мақомот сабаби боздошти ӯро шарҳ намедиҳанд.

Ҳаёт Хон Насриддинов соҳиби маълумоти иқтисодӣ ва номзади илмҳои иқтисодист. Солҳои охир дар яке аз мактабҳои Тошканд ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG