Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Герасимов гуфт, 4 200 ҷангҷӯи зодаи шӯравиро куштанд


Валерий Герасимов
Валерий Герасимов

Валерий Герасимов, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия гуфтааст, ки дар муддати 2 соли ахир дар Сурия бештар аз 54 ҳазор ҷангҷӯ аз ҷумла 4 ҳазору 200 нафар аз кишварҳои шӯравии собиқ кушта шудаанд.

Валерий Герасимов рӯзи 7-уми ноябр дар нишасти вазорати мудофиаи Русия гуфтааст, ки дар ин д усол «бештар аз 1 ҳазор маҳаллаи аҳолинишинро озод карданд, бештар аз 54 ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳро аз ҷумла 2 800 нафар аз Русия ва 1 ҳазору 400 нафар аз хориҷии наздикро куштанд.»

Аз Тоҷикистон ҳам садҳо нафар ба ҷангҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. Нерӯҳои Русия дар ҷанги дохилии Сурия ба артиши ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асад кӯмак мекунанд. Дар ҷанги дохилии Сурия, ки соли 2012 шурӯъ шуд, то кунун садҳо ҳазор нафар кушта ва миллионҳо тани дигар беҷо шудаанд.

XS
SM
MD
LG