Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти яке аз вакилони собиқи шинохтаи тоҷик


Маросими дафни Мирзобек Мирзобадалов

Мирзобек Мирзобадалов яке вакилони фаъоли Шӯрои олии Тоҷикистон ва аз ширкатдорони иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олӣ дар соли 1992-уюм вафот кардааст.

Муҳаммадҷон Абдулзода раиси ҷамоати Дар-Дари ноҳияи Айнӣ рӯзи 5-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Мирзобек Мирзобадалов соати 5-и шоми рӯзи 4-уми ноябр дар бемористони ноҳияи Айнӣ бар асари сактаи қалбӣ даргузашт. Мирзобадалови 74 сола рӯзи 5-уми ноябр дар зодгоҳаш деҳаи Дар-Дари ноҳияи Айнӣ ба хок супурда шудааст.

Мирзобек Мирзобадалов фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси корманди идораи савдои ноҳияи Конибодом шурӯъ карда дар мақоми муовини раиси собиқ вилояти Ленинобод ва Комбинати кӯҳии Анзоб кор кардааст.

Мирзобек Мирзобадалов ҳамчунин ду маротиба вакили Шӯрои олӣ (баъдан Маҷлиси намояндагон) интихоб шудааст ва аз ширкатдорони иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олӣ дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои олӣ ва амалан роҳбари кишвар интихоб шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG