Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон садҳо қонуншикании боркашҳои қирғизро ошкор кардааст


Мошинҳои борбари Қирғизистон
Мошинҳои борбари Қирғизистон

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, тайи беш аз ним моҳи санҷиши мошинҳои ҷониби Қирғизистон, дар марз садҳо ҳолати қонуншиканиро ошкор кардаанд.

“Намояндагони кумитаи нақлиёти Вазорати сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон аз 10 то 30 октябри соли равон 360 қонуншикании мошинҳои борбари қирғизро ошкор кардаанд. Дар ин давра ҷамъан 3 ҳазору 54 воситаи нақлиёт санҷида шуд”, - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Ба гуфтаи ин манбаъ манбаъ, дар натиҷаи санҷиш боркашҳои қирғиз 11,8 миллион танга (ҳудуди 357 ҳазор доллар) ҷарима шудаанд. Вазорат мегӯяд, бештари ин қонуншиканиҳо (151 ҳолат) марбут ба воридоти бидуни шаҳодатномаи молҳои зудвайроншаванда аст.

Қазоқистон аз 10 октябр санҷишро дар марз бо Қирғизистон шадид кард ва ин иқдомро нахуст амалиёти нақшавӣ ва дертар мубориза бо қочоқи мол номид.

Ин санҷишҳо дар ҳоле оғоз шуданд, ки президенти Қирғиқзистон Алмосбек Отамбоев кишвари ҳамсояро ба дахолат дар умури интихоботи раёсати ҷумҳури Қирғизистон муттаҳам кард.

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 30 октябр бо қабули як қарор ба афроде, ки аз шадид шудани убуру мурури марз зарар дидаанд, ҷуброни молӣ ваъда кард.

XS
SM
MD
LG