Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW аз " баъзе қадамҳои мусбат"-и Узбакистон хабар дод


Ҳюман Райтс Вотч дар Тошканд
Ҳюман Райтс Вотч дар Тошканд

Созмони байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон - Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, ки Узбакистон дар замони раҳбарии президент Шавкат Мирзиёев барои беҳтар кардани вазъи ҳуқуқи башар "баъзе қадамҳои мусбат" бардошт. Ин созмон аз мақомоти Тошканд даъват кард, ки акнун пешрафтҳои хоксоронаро ба дигаргунии ниҳодӣ ва беҳбудии пойдор табдил диҳад.

Дар як гузориш, таҳти унвони "Як соли раёсати ҷумҳури ҷадид, хушбинии эҳтиёткорона ба дигаргуниҳо", ки рӯзи 26 октбяр пахш шуд, Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, ки Узбакистон бояд масъулияти байналмилалиашро дар баробари ҳуқуқи башар иҷро кунад ва онро ба сармашқи марҳилаи сиёсии ҷидад табдил диҳад.

Ҳюман Райтс Вотч аз мақомоти Узбакистон хост ба мардумаш пайғом диҳад, ки танқиди осоиштаи сиёсати ҳукумат, хоҳ аз тарафи матбуот, хоҳ аз тарафи фаъолон, ё гурӯҳҳои дигар, на танҳо таҳаммул, балки арҷгузорӣ мешавад.

Ба гуфтаи ин созмон дар тӯли 12 моҳи гузашта Узбакистон 16 маҳбуси сиёсиро озод кард, номи ҳазорҳо нафарро аз рӯйхати сиёҳи амниятиҳо берун андохт ва мақомотро дар баробари мардум посухгӯ кард. Аммо Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, мутаассифона ҳоло ҳам ҳазорон нафари дигар, ки бо ҷамбаҳои сиёсӣ ҳукм гирифтаанд, дар паси миллаҳои зиндон боқӣ монадаанд.

XS
SM
MD
LG