Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони аврупоӣ рӯзи 19 октябр пойбандии худро ба созиши ҳастаӣ бо Эрон тасдиқ карданд, ки ахиран мавриди мухолифати президенти ИМА Доналд Трамп қарор гирифтааст. Иттиҳодияи Аврупо ишора кард, ки нигарониҳои Трампро дарк мекунад, вале аз қонунмандии созиши соли 2015 бо Эрон даст намекашад.

Трамп гуфтааст, ки Эрон амнияти Ховари Миёнаро аз роҳи пешбурди барномаи мушакҳои баллистикӣ таҳти хатар қарор медиҳад. Федерика Могеринӣ, дипломати баландпояи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки ин ниҳод дар иҷрои тамоми мувафиқаҳои ҳосилшуда бо Эрон ӯҳдадор аст ва ин санад дар таъмини амнияти минтақа нақши калидӣ мебозад”. Бо ин ки президенти ИМА болои созиши қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон фишор меорад, Аврупо дар талош аст, ки онро ҳифз кунад. Трамп рӯзи 13 октябр аз конгресс хост, ки бо қабули қонуни нав болои Теҳрон фишори бештар ҷорӣ кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG