Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати Тоҷикистон дар размоиши "Бародарии шикастнопазир- 2017"


Рӯзи душанбеи 16-уми октябр дар ду размоишгоҳи воқеъ дар қаламрави Қазоқистон тамрини нерӯҳои посдорони сулҳи Паймони Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир - 2017" ("Нерушимое братство-2017"), оғоз шуд. Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи душанбеи 16-ум октябр зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “дар ин размоиш ҳайате аз нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ ширкат доранд”.

Тоҷикистонро дар дуввумин размоиши муштараки нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Қазоқистон як взводи махсуси қушунҳои зудамали Вазорати дифоъ намояндагӣ мекунад. Созмондиҳандагони размоиш мегӯянд, дар ҷараёни он маҳорату малакаи нерӯҳои посдори сулҳи СПАД дар заминаи ҳифзи рӯзмараи суботу оромӣ ва ҳамчунин мудирияти ҳайати неруҳои посдор ба намоиш гузошта мешавад.

Дар ин размоиш бар иловаи низомиёни тоҷик, нерӯҳои мусаллаҳи Қазоқистону Қирғизистон, Арманистону Белорус ва Русия ширкат мекунанд ва интизор меравад, ки ҳайати раҳбарии СПАД ва мақомоти низомии кишварҳои узви ин созмон дар марҳалаи поёнии он ширкат намоянд.

Бино ба иттилои дабирхонаи СПАД, барузории ин гуна размоишҳо дар чорчӯби ҳамоҳангии нерӯҳои вокуниши сареи ин созмон аз соли 2009 то кунун дар қаламрави ҳар кишвари узви он сурат мегирад. Созмони СПАД 15-уми майи соли 1992 ташкил шудааст солгарди худро баргузор кард ва ҳоло 6 кишвар -- Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон узвият доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG