Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 рӯзи рухсатӣ дар ним соли хидмат. Имтиёз ба сарбозони тоҷик


Сарбозону афсарони нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки соҳиби ҳамсару фарзанд ҳастанд, аз ин ба баъд дар ним сол аз 20 то 30 рӯз ба рухсатӣ хоҳанд рафт. Ин тағйиротро вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр ба қонун дар бораи хидматчиёни ҳарбӣ қабул карданд.

Онҳо гуфтанд, ки роҳкиро барои рухсатии сарбозону афсарон аз ҳисоби Вазорати дифои Тоҷикистон пардохта мешавад.

Инчунин, бар асоси ин тағйирот, сарбозону афсароне, ки соҳиби оила ҳастанд, аз ин ба баъд бояд на кам аз 100 километр аз маҳалли зисташон хидмат кунанд.

Эмомалӣ Собирзода, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии тарҳи иловаҳо ба қонун гуфт, агар ҷавонони соҳиби як фарзанд ба хидмат даъват шуда, дар идомаи хидмат фарзанди дувумашон ба дунё ояд, аз хидмат озод мегарданд.

XS
SM
MD
LG