Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили Думаи Давлати: асирони рус дар Сурия кушта шуданд


Сарбозони рус Григорий Тсуркану (аз чап) ва Роман Заболотний дар асорати ДИИШ
Сарбозони рус Григорий Тсуркану (аз чап) ва Роман Заболотний дар асорати ДИИШ

Ду шаҳрванди Русия, Роман Заболотний ва Григорий Тсуркану, ки дар асорати гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" буданд, ба қатл расиданд. Дар ин бора намояндаи порлумони Русия Виктор Водолатский рӯзи гузашта ба хабаргузории РИА Новости маълумот дод.

Рӯзи 3 октябр "Амақ" - манбаи пахши хабарҳои ДИИШ, навореро нашр кард, ки дар он Заболотний худро ва Тсуркануро муарифӣ кард. Намояндаи думаи давлатӣ Виктор Водолатский гуфт, "ба думболи ин аз асирон талаб карданд, ки дар ростои дурбин пайвастанашон ба ДИИШ-ро эълон кунанд, сарбозон сарпечӣ карданд ва ба қатл расиданд." Намояндаи мардумӣ нагуфт, ки ин маълумотро аз куҷо пайдо кардааст.

Рӯзи панҷшанбе намояндаи думаи шаҳрии Ростов-на-Дону Анатолий Котляров аз марги Заболотний хабар дод. Ӯ гуфт, ки сарбоз ҳанӯз 3 октябр кушта шуд.

Рӯзи чоршанбе Роман Тсуркану, бародари Григорий Тсуркану ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бародараш дар ҳайъати "Вагнера"- як ширкати хусусии низомӣ ба Сурия рафт. Хонаводаи Тсуркану мегӯяд, кормандони Хадамоти федеролии амният аз онҳо талаб карданд, ки "сару садо накунанд" ва итминон доданд, ки фарзандашон озод хоҳад шуд. Заболотнийро дар ҷамъияти казакҳои минтақаи Ростов шинохтанд.

Вазорати дифои Русия асорати сарбозонаш дар Сурияро расман рад мекунад. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Кремлин ин маълумотро ҷиддан бозҷӯӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG