Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мегӯяд, ки фармондеҳи қазоқи ДИИШ дар Сурия кушта шуд


Сухангӯи Вазорати дифои Русия Игор Конашенков

Матбуоти Русия бо такя ба мақомоти Вазорати дифои ин кишвар хабар дод, ки дар ду рӯзи ахир, дар пайи ҳамлаи ҳавопаймоҳои Русия дар Сурия, 7 фармондеҳи гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" бо шумули як фармондеҳи қазоқ кушта шуд.

"Фармондеҳони сатҳи гуногун, аз ҷумла як зодаи Қазоқистон бо номи Абуислом ал-Қазоқӣ, ки ҳамлаҳои ДИИШ дар водии Фуротро ҳамоҳанг мекард, кушта шуданд", - гуфтааст намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков.

Ба маълумоти вазорат, фармондеҳони гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар натиҷаи амалиёти нирӯҳои ҳавоии Русия дар соҳили шарқии рӯдхонаи Фурот ҷон бохтанд.

"Зарбаҳои ҳавоӣ маркази ҷамъоварӣ ва омода кардани зархаридони хориҷии ДИИШ, аз ҷумла 40 ҷангҷӯ аз Қафқози Шимолӣ ва ҳамчунин гуруҳи фаврии нишонгиронро аз байн бурд", - навиштаанд расонаҳои русӣ аз қавли Конашенков.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG