Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулияти ҳамла ба Лас Вегасро ДИИШ бар дӯш гирифт


Лас Вегас - Пулиси Метро ва табибони ёрии таъҷилӣ дар ҷойи ҳодиса. 1 октябри соли 2017
Лас Вегас - Пулиси Метро ва табибони ёрии таъҷилӣ дар ҷойи ҳодиса. 1 октябри соли 2017

Масъулияти ҳамлаи Лас Вегасро, ки дастикам 58 нафарро кушта ба ҷой гузошт ва беш аз 500 тани дигарро маҷрӯҳ кард, гурӯҳи тундрави "Далати Исломӣ" бар дӯш гирифт. Ин гурӯҳ иддао кард, ки марди ҳамлагар чанд моҳ пеш дини исломро пазируфта буд, вале барои исботи ин иддао делеле пешниҳод накард.

Тирандозӣ дар ҷараёни ҷашнвораи мусиқии "Route 91 Harvest" шоми 1 октябр сурат гирифт. Ҳамлагари танҳо, сокини 64 солаи Лас Вегас, ки пулис аз ӯ Стефан Паддок ном бурд, аз ошёнаи 32-уми меҳмонхонаи Mandalay Bay ба сӯи ширкатдорони ҷашнвораи мусиқии кишвар, ки дар зери осмони боз буданд, аз силоҳи автоматӣ тир кушод. Мақомот мегӯянд, тирпарронии ин мард чанд дақиқа идома кард ва ӯ қабл аз ҳамлаи пулис худкушӣ кард. Пулис аз ҳуҷрае, ки Стефан Падлок ишғол карда буд, 10 мил силоҳ ёфт.

Президенти Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп куштори дастаҷмъии ширкатдорони ҷашнвораро "амали шарорти комил" номид.

XS
SM
MD
LG