Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози сардиҳо. Барфрезӣ дар минтақаҳои шимоли Тоҷикистон


Барф дар шаҳри Истаравшан. Акс аз саҳифаи Фейсбуки хабарнигори тоҷик Соима Саидова
Барф дар шаҳри Истаравшан. Акс аз саҳифаи Фейсбуки хабарнигори тоҷик Соима Саидова

Дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон шаби гузашта барфрезӣ мушоҳида шуда, қабати барф дар Истаравшану Мастчоҳ то ба 3 сантиметр расидааст. Мақомот мегӯянд, ки солҳои гузашта низ барфрезии барвақтӣ мушоҳида мешуд, аммо он ба моҳҳои ноябр рост меомад.

Ҷамила Байдуллоева, масъули Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзи 30-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, қаблан ин марказ боридани барфро танҳо дар кӯҳҳои вилояти Бадахшон пешбинӣ карда буд.

“Аммо дар Бадахшон барф наборид. Баръакс, барфрезии пуршиддат дар баъзе аз ноҳияҳои вилояти Суғд мушоҳида шуд. Дар ноҳияи Мастчоҳи нав, кӣ дар водӣ қарор дорад, то 3 сантиметр барф боридааст. Чунин ҳолат дар пайи воридшавии ҳавои сарди арктикӣ аз қаламрави Русияву Қазоқистон ба Тоҷикистон рух дод”, - афзуд ӯ.

Байдуллоева гуфт, боридани барфу борон дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон рӯзи шанбе ҳам идома ёфта, дубора 3-6-уми октябр шурӯъ хоҳад шуд. Ӯ гуфт, “ба ин тартиб фасли гармо анҷом ёфта, сардиҳо шурӯъ шуданд. Рӯзҳои минбаъд низ ҳаво аз 20 дараҷа гармӣ бештар нахоҳад шуд”.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон низ ахиран аз бадшавии ҳаво дар кишвар ҳушдор дода, изҳор дошт, ки шиддати бод дар бархе аз ноҳияҳо беш аз 30 метр дар як сония мешавад. Ин кумита аз сокинон хостааст, ки дар ин шабу рӯз аз эҳтиёт кор бигиранд.

Ҳар сол мавсими сармо дар Тоҷикистон баъди моҳи ноябр шурӯъ мешавад. Охири моҳи сентябр мавсими ҷамъоварии ҳосил, аз ҷумла пахта аст.

XS
SM
MD
LG