Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркияи хостори баргузории нишаст бо Эрону Ироқ дар бораи Курдистон шуд


Нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим хоҳони баргузории нишасти сарони се кишвар -- Эрон, Туркия ва Ироқ шудааст, то шеваи вокуниш ба ҳамапурсии истиқлоли Курдистонро баррасӣ кунанд. Нахуствазири Туркия, ки рӯзи 28-уми сентябр бо хабарнигорон суҳбат мекард, таъкид намуд, ки дар ҳоли ҳозир омодагиҳо барои ин нишаст оғоз шудааст. Эрон, Туркия ва Ироқ қаблан ба таври ошкоро мухолифати худро ба баргузории ҳамапурсии истиқлоли иқлими Курдистон, эълом карда буданд. Дафтари нахуствазири Туркия рӯзи панҷшанбе аз гуфтугӯи телефонии Биналӣ Йилдирим бо Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон хабар дод, ки дар он масъалаи ҳамапурсии иқлими Курдистон ва робитаҳои дуҷониба, дар меҳвар қарор дошт. Дар ҳамапурсии рӯзи 25-уми сентябр беш аз 92 дарсади афроди дорои ҳаққи раъйдиҳӣ аз истиқлоли иқлими Курдистон аз Ироқ, ҷонибдорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG