Ширкати русии "Лукойл" тасмим дорад, ки барои сармоягузорӣ дар Узбакистон пешниҳодҳои нав ироа кунад. Дар ин бора раҳбари ширкат Вагит Алекперов иттилоъ дод.
"Ҳаҷми сармоягузории мо дар Ӯзбекистон то охири соли равон 6 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ба ин, рушди тарҳи Ҳисор ва рушди комили тарҳи Кандум шомиланд, ки умед дорем, моҳи декабри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт", - гуфтааст Аоекперов ба хабаргузории Интерфакс.
Раҳбари "Лукойл" барои ин ду тарҳ боз 3 миллилард доллари дигар ироа мекунад.
Алекперов гуфт, тамоми газе, ки ширкати ӯ дар Узбакистон истихроҷ мекунад, ба бозори хориҷӣ содир хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд, президенти Узбакистон дастур додааст, ки баъди анҷоми ин тарҳҳо ширкат боз пешниҳодҳои нави сармоягузорӣ ироа кунад.
"Тарҳҳои сармоягузории мо дар ин ҷо то солҳои 2021-2022 пурра ба поён мерасанд ва мо бояд масъалаи сармоягузории худро дар бахшҳои дигари Узбакистон, аз ҷумла, гази кимиёӣ баррасӣ кунем. Ҳоло мо дар ин бобат корҳоеро анҷом медиҳем ва баъди як мӯҳлати муайян пешниҳодҳои худро ироа хоҳем кард", - изҳор дошт Алекперов.