Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ийолоти Муттаҳида низоми сарҳадро шадидтар мекунанд


Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи якшанбе фармонеро имзо кард, ки бори нахуст дар таърих барои кишварҳои хориҷӣ, ки мехоҳанд бо Иёлоти Муттаҳида дар бахши визаву муҳоҷират ҳамкорӣ кунанд, талаботро кам мекунад.

"Низоми кунунӣ исбот кард, ки ба талабот ҷавобгӯ нест ва дар давраи авҷи терроризму ҷиноятҳои муташаккил хатари аз ҳад зиёд дорад", - омадааст дар фармони Трамп.

Минбаъд мақомоти ИМА аз ҳамкорони хориҷии худ дар робита ба ҳуввияти шаҳрвандоне, ки мехоҳанд, ба Амрико бираванд, маълумот мехоҳад. Давлатҳои ҳамкори Амрико бояд ҳолатҳои тақаллубро ошкор кунанд ва кафолат диҳанд, ки довталаби виза ба амнияти миллӣ ва тартиботи ҷамъиятии Амрико хатар эҷод намекунад.

Бар пояи ин фармон, шаҳрвандони кишварҳое, ки маълумоти заруриро ироа намекунанд, ба рӯйхати махсус ворид шуда, қисман ё комилан аз ҳаққи сафар ба Иёлоти Муттаҳидаро аз даст медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир, ба ин рӯйхат Ироқ ва то ба андозае Сомалӣ ворид шудаанд.

Ба гуфтаи маъмурияти Трамп, бештари кишварҳои ҷаҳонро талаботи фармони ахир қонеъ мекунад. Ба раддаи кишварҳое, ки намехоҳанд ё тавони ҳамкорӣ бо ИМА дар бахши визаву муҳоҷиратро надоранд, Чад, Эрон, Либия, Куриёи Шимолӣ, Сурия, Венесуэла ва Яман қарор доранд.

XS
SM
MD
LG