Пайвандҳои дастрасӣ

Муштзани 21-солаи тоҷик қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи ривояти WBC


Меҳрубон Сангинов

Меҳрубон Сангинов, муштзани маъруфи тоҷик, дар як набарди сангин бар ҳарифи амрикоиаш Камерон Буругз пирӯз шуд. Ин набард шоми 23-юми сентябр дар шаҳри Луизинаи Амрико барои ба даст овардани камарбанди қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи ривоят ё версияи WBC ("World Boxing Council") баргузор гардид.

Мо ҳамроҳи мураббиам заҳмати зиёде кашидем, то ба ин пирӯзӣ бирасам. Ман имрӯз ин пирӯзиро ба модарам мебахшам.

Меҳрубон рӯзи 24-уми сентябр дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки пирӯзӣ барои гирифтани ин камарбанд чандон содда набуд. "Тӯли даҳ давр бо рақибам муштзанӣ кардем. Ӯ хеле хубу пурқувват буд, вале ман зӯртар баромадам. Пирӯзӣ бо ҳисоби 100:93 ба фоидаи мо анҷом ёфт", - гуфт ӯ.

Ин муштзани маъруфи тоҷик дар чунин пирӯзӣ саҳми мураббиаш Сагатбек Мусохонов, мутахассиси қазоқро барҷаста донист ва гуфт, "дар зиндагӣ ҳеҷ чиз ба осонӣ ба даст намеояд. Мо ҳамроҳи мураббиам заҳмати зиёде кашидем, то ба ин пирӯзӣ бирасам. Ман имрӯз ин пирӯзиро ба модарам мебахшам."

Аз ин пеш, дар моҳи июли имсол, Меҳрубон Сангинов дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ пас аз пирӯзӣ бар Стефен Дерстайни амрикоӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни 76,2 кило аз рӯи ривояти WBB (“World Boxing Board”) даст ёфта буд. Ин қувваозмоӣ рӯзи 22-юми июл дар шаҳри Шарлоттаи иёлати Каролинаи Амрико баргузор шуд. Муштзани 21-солаи тоҷик Меҳрубон Сангинов дар раунди аввал бо нокаути фаннӣ рақибашро шикаст дод.

То ин рақобат амрикоӣ Мигел Котто соҳиби унвони қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи ривояти WBB буд. Дар ин муваффақияти Меҳрубон Сангинов низ саҳми мураббиаш Сагатбек Мӯсохонов, мутахассиси қазоқ ва инчунин устоди нахустинаш Парвиз Аҳмадов бузург аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG