Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи 21-уми “тоҷики тилоӣ”дар бокси ҳирфаӣ


Муштзани тоҷик Соҳиб Усаров, ки дар бокси ҳирфаӣ бо тахаллуси “тоҷики тиллоӣ” маъруф аст, ғалабаи 21-уми худро ба даст овард.

Муштзани тоҷик Соҳиб Усаров дар як сабқати бокси ҳирфаӣ дар вазни то 59 килограмм, ки дар пойтахти Латвия - шаҳри Рига - баргузор шуд, бар муштзани гурҷӣ Гиорги Гачечиладзе ғалаба кард.

Баъди ҳуҷумҳои паиҳам ва силсилаи зарбаҳои нишонраси Соҳиб Усаров муштзани гурҷӣ дар охири раунди чаҳорум аз идомаи қувваозмоӣ даст кашид. Ба ин тартиб, “тоҷики тиллоӣ” дар ин сабқат ғолиб дониста шуд.

Зимнан, Соҳиб Усарови 32-сола дар бокси ҳирфаӣ то ҳоло ягон қувваозмоиро набохтааст. Вай дар ҳамаи 21 қувваозмоӣ, аз ҷумла дар 7-тоаш бо нокаут, пирӯз шудааст.

Соҳиб Усаров 5-уми декабри соли 1983 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ба бокс аз синни 15-солагӣ машғул аст. Вай аз соли 1999 дар Маскави Русия ба сар мебарад ва феълан мураббии бокс мебошад.

Соҳиб аз соли 2006-ум, яъне аз синни 22-солагӣ, дар сабқати бокси ҳирфаӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ ғолиби Ҷоми Чин (2004), қаҳрамони Русия (2008), қаҳрамони секаратаи Маскав, ғолиби дукаратаи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, ғолиби чоркаратаи Ҷоми Маскав, ғолиби дукаратаи мусобиқаи дараҷаи «А»-и бародарон Кличко мебошад.

Мавқеи беҳтарини ӯ дар феҳристи ҷаҳонии ВOXREC мақоми 5-ум дар соли 2012-ум аст. Усаров 2-юми октябри соли 2009-ум рақибаш Александр Фёдоровро шикаст дода, ба унвони қаҳрамони Урупо аз рӯи ривояти Созмони ҷаҳонии бокс (WBO) даст ёфтааст.

Ин муштзани ҳирфаии тоҷикистониву русиягӣ 4-уми феврали соли 2012-ум дар Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар қаҳрамони Олимпиадаи соли 2004-ум ва қаҳрамони ҷаҳон (2001) кубагӣ Ян Бартелеми пирӯзӣ ба даст оварда, соҳиби камарбанди WBO Inter-Continental дар вазни дувуми сабуктарин шудааст.

Соҳиб Усаров ба унвони баланди Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ мушарраф шуда, қаҳрамони Урупо аз рӯи ривояти WBO (2009) ва аз рӯи ривояти WBO Continetal (2012) дар вазни дувуми сабуктарин гаштааст.

XS
SM
MD
LG