Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, рӯзи 5 май дар даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар пойтахти Узбакистон - шаҳри Тошканд - дар вазни то 91 кило аз Сумит Сангван аз Ҳиндустон бо ҳисоби 0:5 мағлуб шуд ва барои ҷойи севум соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Ҷаҳон Қурбонови 31-сола, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври чорякниҳоӣ шуруъ кард. Вай рӯзи 3 май дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё бар Маҳмуд Саноуллоҳи 24-сола аз Покистон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда, ба нимфинал баромад. Дар қувваозмоии ниманиҳоӣ ҳамаи панҷ довар Сумит Сангвани 24-соларо пирӯз донистанд (30:27, 30:27, 29:28, 30:27, 30:27).
Ба ин тартиб, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё аз ҳашт муштзани тоҷик танҳо як нафар – Ҷаҳон Қурбонов – соҳиби медал шуд. Вале ҳафт нафари дигар- Бахтиёр Сагизов (52 кг), Асрор Воҳидов (56 кг), Баҳодур Усмонов (60 кг)Фурқатҷони Одилхон (64 кг), Бахтиёри Мирзомуҳаммад (75 кг), Шаббос Неъматуллоев (81 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+ 91 кг) – бе медал монданд.
Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар Тошканд, ки бо ширкати 179 варзишгар аз 28 кишвар ҷараён дорад, рӯзи 7 май ба поён мерасад. Рӯзҳои шанбеву якшанбе қувваозмоиҳои ниҳоӣ аз рӯи даҳ вазн баргузор мешаванд. Инчунин варзишгарон ба ҷуз медалҳо, барои роҳхатҳо ба мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон, ки аз 25 август то 4 сентябр дар Ҳамбурги Олмон барпо мегардад, мубориза мебаранд.
Ҷаҳон Қурбонов барои ҷойи севум дар қаҳрамонии Осиё дар Тошканд ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии имсолаи бокси ҷаҳон дар Олмон мушарраф шуд. Боз як муштзани тоҷик Шаббос Неъматуллоеви 19-сола дар вазни то 81 кило имрӯз, 6 май, бо рақибаш Адлӣ Ҳафиз Моҳд Паузии 28-сола аз Малайзия барои роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон талош мекунад.