Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон Қурбонов ба даври ниманиҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт


Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, рӯзи 3 май дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар пойтахти Узбакистон - шаҳри Тошканд - дар вазни то 91 кило бар Маҳмуд Саноуллоҳ аз Покистон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд ва ба нимфинал баромад.

Ҷаҳон Қурбнов, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври чорякниҳоӣ шуруъ кард. Ӯ дар нимфинал 5 май бо Сумит Сангван аз Индонезия, ки дар чорякфинал бар муштзани Чин Фенкал Ю бо ҳисоби 4:1 дастболо шуд, барои ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан талош мекунад. Бояд гуфт, ки новобаста аз натиҷаи ин қувваозмоӣ Ҷаҳон Қурбонов ҳадди ақал медали биринҷии қаҳрамонии Осиёро соҳиб мешавад.

Вале намояндаи дигари Тоҷикистон Шаббос Неъматуллоев 3 май дар даври чорякниҳоӣ аз муштзани Узбакистон Бектемур Мелиқӯзиев шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гашт. Ба ин тартиб, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё аз ҳашт муштзани тоҷик танҳо як нафар – Ҷаҳон Қурбонов - муборизаро барои медалҳо идома медиҳад.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар Тошканд, ки бо ширкати 179 варзишгар аз 28 кишвар ҷараён дорад, рӯзи 7 май ба поён мерасад. Варзишгарон ба ҷуз медалҳо, барои роҳхатҳо ба мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон, ки аз 25 август то 4 сентябр дар Ҳамбурги Олмон баргузор мешавад, мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG