Даврон Маҳмадов, муштзани ҷавони тоҷик, баъди чаҳор моҳи беҳушӣ дар бемористони Олмон ба худ омадааст. Даврон Маҳмадови 24-сола зодаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, ба қавли наздиконаш, тайи тақрибан даҳ соли ахир ба бокс машғул буд. Ӯ моҳи марти имсол ҳангоми тамрин барои иштирок дар мусобиқаи Ҳолланд дар шаҳри Кёлни Олмон аз сараш зарб хӯрд ва беҳуш шуд.
Даврон Маҳмадов то лаҳзаи ба Олмон омадан дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия тамрин мекард.
Алимҷон Маҳмадов, падари Даврон, рӯзи 9-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш тӯли ин муддат беҳушу беҳаракат мехобид, аммо ҳоло чашмонашро боз кардааст. Ӯ гуфт, “се рӯз пеш пизишкон дубора сарашро ҷарроҳӣ карданд ва вазъи саломаташ андаке рӯ ба беҳбуд аст. Ҳоло гап намезанад, аммо инки чашмашро кушод, хеле гап аст.”
Маҳмадов мегӯяд, худи ӯ аз моҳи март боз дар сари болини писараш дар бемористон нишастааст ва рӯзшуморӣ мекунад, то ҳарчӣ зудтар сиҳату ёбаду ба Тоҷикистон баргарданд. “Ман ба хотири писарам ба Олмон омадам. Муҳлати будубошамро то моҳи сентябри имсол дароз кардем, чун маълум нест, кай вазъи саломаташ пурра хуб мешавад. Ҳоло чашмонашро кушод ва ин аломати бисёр муҳим барои мост”, - афзуд ӯ.
Муштзани тоҷик дар Олмон як ҳафта боз дар кома аст
Падари Даврон Маҳмадов, муштзани ҷавони тоҷик, гуфт, ки феълан тамоми доруву дармони ӯ аз тарафи мақомоти Олмон дода мешавад ва барои ҳамин ба кумаки дигарон ниёз пайдо нашудааст. Аммо ӯ гуфт, ҳамаи наздикони Даврон дар Тоҷикистонанд ва аз вазъи писараш пайваста нигарон ҳастанд.
“Аз ҳама бештар модараш дар ташвиш аст. Бовар кунед, ҳар соат занг зада аз ман мепурсад, ки бо ӯ чӣ шуд? Оё ҳаракат мекунад, ё намекунад? Мо мардҳо камубеш тоқат дорем, аммо модарон бисёр дилтанганд”, - гуфт ӯ.
Падари ин муштзан мегӯяд, ки писараш орзу дошт, чемпион ё қаҳрамон шавад ва ҳамин орзу ӯро то Аврупо бурд: “Гуфта буд, ки падар ман то қаҳрамон шудан меравам ва парчами Тоҷикистонро боло мебардорам. Мо дуо додем, вале насиб набудааст. Ҳоло фақат дуо дорем, ки пурра сиҳҳат шавад. Муҳим шифо ёбад, баъдан метавонад дар самтҳои дигар хидмат кунад.”
Даврон Маҳмадов то лаҳзаи ба Олмон омадан дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия тамрин мекард. Ширкати ӯ дар даҳҳо мусобиқаи муштзании Русия сабт шудааст. Даврон дар вазни аз 63 то 66 кило қувваозмоӣ карда, 1 метру 66 сантиметр қад дорад.
Солҳои ахир чанде аз варзишгарони тоҷик барои кору зиндагӣ кишварҳои хориҷиро интихоб кардаанд. Бархеи онҳо мегӯянд, ки дар кишварҳои хориҷӣ шароит барои тамрину иштирок дар мусобиқаҳои бузург фароҳам аст ва мехоҳанд, аз ин фурсат истифода кунанд.