Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин медали Мавзуна Чориева баъди бозгашт ба майдон


Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик пас аз чанд муддати таваққуф ба далели таваллуди фарзанд, дубора ба майдон баргашт ва барои Тоҷикистон медал овард.

Мавзуна Чориева дар Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс байни кишварҳои тавлидкунандаи нафт дар шаҳри Юграи минтақаи Ханти - Мансийски Русия дар сабқати занон бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Мавзуна Чориева нахуст бар Анастасия Белякова (Русия) ғалаба кард, вале дар қувваозмоии дувумаш аз Юля Теплякова (Украина) шикаст хӯрд ва барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Тоҷикистон кишвари тавлидкунандаи нафт нест, вале дар мусобиқоти Югра варзишкорон аз кишварҳои "бенафт"-е, чун Тоҷикистону Ҷумҳурии Чех ё Қирғизистону Муғулистон ҳам даъват шуда буданд.

Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон, ки баъди Олимпиада издивоҷ кард, ба далели бордорӣ ва таваллуди фарзанд дар мусобиқаҳо иштирок карда натавонист. Ва ин аввалин мусобиқае буд, ки имсол Мавзуна дар он ширкат варзид ва соҳиби медал гардид.

Анвар Юнусов, варзишгари дигари тоҷик, ки бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омад, бо медали тилло мукофотонида шуд. Вай баъди се пирӯзӣ бар Норовбал Отгонтумур (Муғулистон), Алексей Климтсев (Ханти-Мансийск) ва Акзол Сулаймонбек Уулу (Қирғизистон), дар қувваозмоии ниҳоӣ Руслан Комилови русиягиро шикаст дод.

Дар ин мусобиқа, ки барои бори 11-ум ба хотираи аввалин кашшофи нафти Сибир Фармон Салмонов байни мардону занон баргузор шуд, 120 муштзан аз 14 кишвар ширкат доштанд. Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби минтақаи худмухтори Ханти-Мансийск мақоми аввалро касб кард ва бо Ҷоми ҷаҳон мукофотонида шуд.

Мирзо Шамсиев, мураббии калони дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон, рӯзи 24-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ба ҳайати мунтахаби кишвар чаҳор мард – Шаҳриёр Аҳмадов (52 кг), Анвар Юнусов (60 кг), Фурқатҷони Одилхон (64 кг) , Мирҷамол Ғиёсов (81кг) ва ду зан - Мавзуна Чориева (60 кг) ва Гулфина Урунова (64 кг) дохил буданд. Ёвари ман дар ин мусобиқа мураббӣ Баҳром Усмонов аз Хуҷанд буд. Инчунин довари дараҷаи байналмилалӣ Абдурашид Мамадҷонов, мудири мактаби махсуси бокси Душанбе, дар ин мусобиқа ба ҳайси ҳакам ширкат дошт.»


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00
Линки мустақим


Ба гуфтаи Мирзо Шамсиев аъзои дигари мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа, ки барои муштзанҳои тоҷик дар соли 2013 охирин буд, дар давраҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Ҷаноби Шамсиев афзуд, «соли 2014 муштзанҳои тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ, ки моҳи октябр дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешаванд, иштирок хоҳанд кард. Инчунин соли оянда занони муштзани тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё ширкат меварзанд.»
XS
SM
MD
LG