Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Куриёи Шимолӣ ба партоби бомбаи ҳидрогенӣ дар Уқёнуси Ором


Вазири умури хориҷии Куриёи Шимолӣ Ли Ен Хо рӯзи 21у-уми сентябр дар шаҳри Ню-Йорк гуфт, ки Пхенян метавонад, бомбаи ҳидрогении худро дар фазои Уқёнуси Ором озмоиш кунад.

Ба иттилои хабаргузории “Ренҳап”-и Куриёи Ҷанубӣ, Ли Ен Хо ба хабарнигорон гуфтааст, эҳтимол Пхенян ба ҳушдори ахири президенти Амрико Доналд Трамп бо бомбаи ҳидрогенӣ посух диҳад.

Трамп ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки агар ба Амрико ё ҳампаймононаш ҳамлае сурат бигирад, Куриёи Шимолиро маҳв хоҳад кард.

“Эҳтимол дорад. Мо озмоиши таърихии бомбаи ҳидрогениро дар осмони Уқёнуси Ором баррасӣ мекунем”, - изҳор дошт вазири умури хориҷии Куриёи Шимолӣ. Ӯ афзуд, ки намедонад, раҳбари кишвараш Ким Чен Ин чи нақша дорад.

Бино ба навиштаи “Wall Street Journal", ин изҳорот афзоиши назарраси таҳдидҳоро аз тарафи Пхенян дар пай дорад. Зеро ин кишвар алакай ду мушаки миёнапарвозро дар осмони уқёнуси Ором партоб карда, аз озмоиши комёби бомбаи ҳидрогенӣ хабар додааст.

XS
SM
MD
LG