Пайвандҳои дастрасӣ

Русия партоби тасодуфии мушакро эътироф, вале зарба ба одамонро рад кард. ВИДЕО


Чархболи Беларус ҳангоми тамрини низомии "Запад-2017"

Вазорати дифои Русия хабарҳои матбуотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи зарбаи мушакӣ ба тамошобинони тамрини "Запад-2017"-ро рад кард.

Дафтари матбуоти ҳавзаи низомии Ғарбӣ гуфт, ки рӯзи 18-уми сентябр "ҳеҷ ҳодисаи марбут ба нерӯҳои ҳавоӣ ҷой надошт". Низомиёни рус хабарҳои зарбаи мушакӣ ба тамошобинон ва теъдоди зиёди захмиҳоро тавтеа, ё "аблаҳӣ"-и шахсӣ номиданд.

Ҳамзамон дар ин муассиса ҳодисаи партоби тасодуфии мушак аз чархболи Ка-52-ро эътироф карда, аммо гуфтанд, ин ҳодиса як вақти дигар рух дода буд ва ба касе осеб нарасонд.

Субҳи 19-уми сентябр нашрияи интернети 66.ru бо такя ба як манбаи беном навишт, ки дар натиҷаи партоби мушак аз чархболи Ка-52 ду нафар маҷрӯҳ шуд. Нашрия навори эҳтимолии ҳодисаро пахш кард. Дар ин бора нашрияи "Фонтанка" низ хабар дод. Ба гуфтаи ин ду нашрия, зарбаи тасодуфӣ тахминан рӯзҳои 17-18 дар пойгоҳи "Лужанский" сурат гирифт.

Гурӯҳи таҳқиқотии "Conflict Intelligence Team" нусхаи санедеро нашр кард, ки бар поияи он зарбаи тасодуфӣ 16 сентябр рух додааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG