Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёздаҳ рӯзи рақобат. Ифтитоҳи Бозиҳои панҷуми осиёӣ дар Ишқобод


Дар шаҳри Ишқобод – пойтахти Туркманистон – маросими ифтитоҳи Бозиҳои панҷуми осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ баргузор шуд. Дар ин маросим шоми 17-уми сентябр раҳбарони Тоҷикистону Узбакистон, Афғонистону Покистон, Арманистон, Қазоқистон, Молдова, Тотористон ва, инчунин, раиси Шӯрои Федеросиюни Русия Валентина Матвиенко иштирок карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов. Ишқобод, 17-уми сентябри 2017
Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов. Ишқобод, 17-уми сентябри 2017

Ифтитоҳи расмии Бозиҳои панҷуми осиёӣ дар Olympic Stadium ҷараён гирифт, ки барои 45 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст.

Бозиҳои панҷуми осиёӣ 11 рӯз идома мекунад ва зоҳиран раҳбари худкомаи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз ин имкон ҳамчун намунаи пешрафти кишвараш истифода хоҳад кард. Туркманистон то ин дам чунин маъракаи боҳашамати байналмилалиро мизбонӣ накардааст.

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федеросиюни Русия ва Игор Додон, раиси ҷумҳури Молдова. Ишқобод, 17-уми сентябри 2017
Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федеросиюни Русия ва Игор Додон, раиси ҷумҳури Молдова. Ишқобод, 17-уми сентябри 2017

Омодагӣ барои баргузории Бозиҳои панҷуми осиёӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҳукумати Туркманистон дар вақтҳои охир буд ва барои ин кор миллионҳо доллар сарф шудааст.

Дари Туркманистон маъмулан ба рӯи ҷаҳонгардон баста аст, аммо зоҳиран Ишқбод ин дафъа дарашро ба рӯи ҳазорон сайёҳ боз хоҳад кард.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ин бозӣ панҷуним ҳазор нафар аз 62 кишвари дунё иштирок ва аз рӯйи 21 намуди варзиш сабқат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG