Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камераҳои назоратӣ дарси донишгоҳҳои Тоҷикистонро сабт мекунанд


Tajik students
Tajik students

Донишгоҳҳои Тоҷикистон ба хотири назорати дарсҳо ва давомоти донишҷӯёну муаллимон дар синфхонаҳои худ бори нахуст камераҳои назоратӣ насб кардаанд. Ба ин тартиб дигар масъулини донишгоҳ ба дарсҳо ворид намешаванд ва танҳо аз утоқи кории худ дарсҳоро назорат мекунанд. Ҳамакнун на танҳо интизоми дарсӣ, балки инчунин ҷараёни худи дарсҳо ҳам зери назорати камераҳои сабти видеоӣ мегузаранд.

Зимнан, Носирҷон Салимӣ, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон рӯзи 11 сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи асосӣ аз насби камераҳои назоратӣ ин аст, ки устодон дарсҳоро чигуна мегузаронанд. Ба қавли ҷаноби Салимӣ, минбаъд ҷараёни дарсҳо сабт шуда, дар сомонаи донишгоҳ гузошта мешавад, то дигар муҳассилин аз ҳар макон тавонанд дарсҳоро азхуд кунанд. Ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ мегӯяд, “ҳам барои амният ва ҳам барои он ки деканҳо тавонанд назорат кунанд, ки дарсҳо дар вақташ сар шуд ва дар вақташ тамом мешавад, дарс рафта истодааст, давомот чӣ хел аст. Яъне ба хотири назорати раванди таълим. Ин дар қиёс ба гузашта осонтар аст, ки деканҳо ҳар соат синф ба синф гашта, раванди дарсҳоро назорат мекарданд”.

Носирҷон Салимӣ афзуд, камераҳо аз ҷониби деканони факултет ва ҳам як маркази муттаҳида назорат мешаванд ва роҳбарияти донишгоҳ ҳам имкон доранд, раванди дарсҳоро назорат кунанд. Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, ҳадафи дигар онҳо аз насби камераҳо муйян ва муаррифии дарсҳои беҳтарин аст.

Соли равон ҳаддиақал дар синфхонаҳои ду донишгоҳи калонтарини Тоҷикистон - Донишгоҳи омӯзгорӣ ва Донишгоҳи аграрӣ камераҳо насб шудаанд. Қаблан танҳо дар даромадгоҳ ва роҳравҳои донишгоҳҳо камераҳои назоратӣ насб шуда буд. Масъулини донишгоҳҳо бовар доранд, ки бо насби камераҳо метавонанд сифати таълимро беҳтар намоянд.

XS
SM
MD
LG