Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: беш аз 270 000 мусалмонҳои Роҳинҷа аз Бирма фирор карданд


Мусалмонҳои Роҳинҷа ба Банглодеш фирор мекунанд

Оҷонсии Созмони Милали Муттҳаид дар умури паноҳандагон мегӯяд, ки бинобар ҳисобҳои онҳо аз замони оғози хушунатҳои охири моҳи гузашта, 270 000 мусалмони Роҳинҷа аз Бирмаи ҳамсоя, ба Банглодешро фирор карданд.

Маълумоти нав, ки сухангӯи UNHCR Виван Тан рӯзи 8 сентябр тасдиқ кард, бузургтар аз рақамест, ки як рӯз пеш пахш шуд. Ин созмон рӯзи гузашта гуфт, ки 164 000 нафар сар аз 25 август марзи Банглодешро убур карданд.

Тан гуфт, ки мавҷи нав аз ҳисоби фирориҳоест, ки дар наздикиҳои марз буданд ва оҷонсӣ тоза аз онҳо огоҳ шуд.

"Рақамҳо бисёр нигарононкунанда ҳастанд,- ин ба маъноест, ки мо бояд вокуниши сареътар нишон диҳем", - гуфт Тан ва афзӯд, ки ба ин масъала бояд оҷилона расидагӣ шавад.

Хушунати Бирма эътирози ҷаҳониро ба бор овард.

Мусалмонони Роҳинҷа хадамоти амнияти Бирма ва буддоиҳоро ба оташ задани деҳаҳои худ муттаҳам мекунанд. Ҳукумат мегӯяд, ки шӯришгарони Роҳинҷа моҳи гузашта ба постгоҳҳои пулис ҳамла буданд ва нерӯҳои амниятӣ ба онҳо посух доданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG