Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонболат Мамай аз зиндон озод шуд


Ҷонболат Мамай дар марказ
Ҷонболат Мамай дар марказ

Ҷонболат Мамай, журналисти қазоқ ба се соли зиндони шартӣ маҳкум шуда аз толори додгоҳ озод шуд. Додгоҳе дар Алмаато рӯзи 7 сентябр хабарнигори мунаққиди ҳукуматро дар шустушӯи пул айбдор дониста озодии ӯро барои се сол маҳдуд ва молашро тасарруф кард.

Маҳуд сохтани озодӣ як навъи ҷазо дар Қазоқистон аст, ки дар озодӣ будани маҳкумшударо иҷозат медиҳад, вале шахс бояд аз маҳалли истиқомат берун нарафта сари чанд вақт ба идораи пулис барои қайд ҳозир шавад.

Ҳукме, ки нисфирӯзии 7 сентябр дар нисбати Ҷонболат Мамай содир шуд, дар паи таҳқиқи қазияи дуздӣ дар "БТА-бонк" анҷом гирифт. Худи журналист ва ҷонибдоронаш онро сохта меноманд.

Даврон Маукеев, додраси додгоҳи №2 ноҳияи Медео гуфт, ки Мамай барои се сол аз ҳаққи фаъолияти журналистӣ маҳрум мешавад. Додрас ҳамчунон ҳукм кард, ки муҳлати ҳабси Мамай 209 рӯз таъин карда шавад. Журналист 15 рӯз фурсат дорад, ки аз болои ҳукми додгоҳ шикоят кунад.

Ҷонболат Мамай 29 сол дошта иҷрокунадаи вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи мухолифи «Саяси калам. Трибуна» («Газетаи сиёсӣ. Минбар») мебошад. Ӯ рӯзи 10-уми феврал бо ҷурми шустушӯи 110 ҳазор доллари марбут ба сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Мухтор Аблязов, муассиси "БТА-бонк" боздошт шуд.

Додгоҳи Алмаато раҳбари собиқи "БТА-бонк"-ро дар ғайбаш ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст. Сиёсатмадори мухолиф Мухтор Аблязов, ки аз соли 2009-ум дар хориҷа ба сар мебарад, айбҳои эълоншударо дар нисбаташ рад мекунад.

XS
SM
MD
LG