Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон гурӯҳи шаҳрвандонашро аз Ироқ берун оварданд


Урдун: нерӯҳои амниятӣ дар марз бо Ироқ

Шаҳрвандони Қазоқистон, ки аз маҳалли ҷангҳои Ироқ берун омаданд, бо кӯмаки Русия ба Қазоқистон расиданд. Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Ануар Жайнаков хабар дод.

"Дар байни онҳо як зани соли таваллуди 1985 бо се фарзанди ноболиғаш ҳузур дорад. Се кӯдаки дигар, ки шаҳрвандони Қазоқистон буда, вале модари онҳо табааи Русия аст, Грознии Чеченистон интиқол ёфтанд. Ҳар ду хонавода сокини шаҳри Актау ҳастанд. Қазоқистониҳои дигар ҳанӯз дар Ироқанд. Дар ҳоли ҳозир консули Қазоқистон дар Урдун масъалаи берун овардани онҳоро баррасӣ мекунад", - мегӯяд сухангӯи ВКХ Қазоқистон.

Пештар аз ин, вазорат аз омодагӣ барои берун овардани 14 шаҳрванди Қазоқистон аз Ироқ хабар дода буд. Дар маҷмуъ дар бораи ихроҷи як мард, се зан ва 10 кӯдак аз ҷангҳои Ироқ хабар расидааст. Манбаъ ҳадафи буду боши ин афрод дир маҳалҳои задухӯрдро шарҳ надодааст.

24 август роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки дар Ироқ "марҳилаи навбатии амалиёти башардӯстона ба охир расид" ва аз Тал-Афара шаш сокини Русия ва "ҳамин теъдод шаҳрванди Қазоқистон" берун оварда шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG