Пайвандҳои дастрасӣ

Киев хадамоти амнияти Русияро дар ҳамлаҳои террорстӣ айбдор кард


Василий Гритсак - раҳбари хадамоти амнияти Украина

Раиси Хадамоти амнияти Украина Василий Гритсак хадамоти махсуси Русияро дар даст доштан дар амалҳои террористии ҳудуди Украина айбдор кард. Дар ин бора ӯ дар барномаи телевизиони "Прямой" изҳорот дод.

Раиси Хадамоти амният гуфт, ки мақомоти махсуси Русия дар амалҳои террористии Одесса, Харков, Херсон ва дигар шаҳрҳои Украина даст доранд. Ӯ афзуд, ки мақомоти Русия ба ин тартиб мехоҳанд, барои амалиёти сартосарӣ дар ҳудуди Украина замина омода кунанд. Гритсак бо муроҷиат ба роҳбари Хадамоти амнияти федеролии Русия Александ Бортников ҳамчун "афсар ба афсар" гуфт, ҳатто дар шароити ҷангӣ низ қоидаҳое мавҷуд аст, ки хадамоти махсус набояд онҳоро убур кунанд.

Миёнаҳои моҳи август Гритсак ҳамчунин хадамоти амнияти Русияро дар омода кардани шаҳрвандони Украина барои анҷоми амалҳои террористӣ дар ҳудуди Русия айбдор кард.

Дар фурсатҳои наздик лоиҳаи қонуни бозгардонидани Донбасс барои баррасӣ ба порлумон фиристода мешавад. Дар ин лоиҳа бори аввал Русия ҳамчун кишвари таҷовузгар муаррифӣ хоҳад шуд.Порлумони Украина ҳанӯз 27 январи соли 2015 Русияро таҷовузгар номида буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG