Пайвандҳои дастрасӣ

Беш аз 200 ҳазор мусалмон Иди Қурбонро дар Маскав таҷлил карданд


Таҷлили Иди Қурбон дар Маскав

Идораҳои ҳифзи қонун ва тартиботи Русия рӯзи 1 сентябр гуфтанд, ки теъдоди иштирокдорони таҷлили Иди Қурбон дар Маскав беш аз 200 ҳазор нафар бурд. Намогузории идона дар масҷидҳои пойтахти Русия баргузор шуд.

Барои таҷлили ҷашни мазҳабии мусалмонҳо, баъзе роҳҳоро ба сӯи масҷиди ҷомеъи Маскав масдуд карданд. Имсол Иди Қурбон ба Рӯзи дониш, ё оғози соли нави таҳсил дар Русия мувофиқ омад. Аз ин рӯ, мактаби рақами 2117, ки дар наздикии масҷид ҷойгир аст, оғози таҳсилро ба рӯзи 4 сентябр гузаронд.

Дар Қрими ишғолшуда низ мусалмонҳо маросимҳои идона баргузор карданд. Бинобар таҷлили Иди Қурбон, рӯзи 1 сентябр дар ин минтақа рӯзи истироҳат эълон шуд.

Иди Қурбон, ё Ид ал-Адҳа аз бузургтарин ҷашнҳои мусалмонҳост, ки дар поёни маросими Ҳаҷ ва зиёрати Макка баргузор мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG