Пайвандҳои дастрасӣ

Нашри видеои занозании тоҷикону озариҳо дар Русия


Расонаҳои Русия рӯзи 20-уми август навори занозании тоҷирони тоҷик ва озарбойҷониро дар яке аз бозорҳои вилояти Нижний Новгород нашр карданд.

Тавре дар навори бардоштаи шоҳидон дида мешавад, ду гурӯҳи одамон ба сару рӯи якдигар сангу порчаҳои чӯбро ҳаво медиҳанд.

Ин ҳодиса, ба гуфтаи шоҳидон, се рӯз қабл дар бозори ноҳияи Канавински вилояти Нижний Новгород рух додааст. Сабаби муноқиша, бинобар гуфтаи пулис, дар поин бурдани нархи маҳсулот аз ҷониби як гурӯҳи тоҷирон будааст, ки норизоияти ҷониби дигарро ба бор овардааст.

Дар ин муноқиша наздик ба 200 нафар ширкат карда, чанде аз зарби корд захмӣ ва бистарӣ шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG