Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳрӯдӣ ба ҷои Рафсанҷонӣ раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом шуд


Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон рӯз душанбе бо судури як ҳукм Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрудиро барои панҷ сол раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом, таъйин кард. Бар асоси ин ҳукм, Муҳаммад Боқир Қолибоф, шаҳрдори Теҳрон, Иброҳим Раисӣ, номзади интихоботи пешини раёсати ҷумҳурӣ ва Аҳмад Таваккулӣ, намояндаи пешини порлумон, ба аъзои маҷма изофа шуданд. Муҳсин Ризоӣ, дабири Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом, дар мақоми худ боқӣ мондааст. Раёсати Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом дар Эрон аз ибтидои таъсиси расмӣ ба ӯҳдаи Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ буд ва пас аз даргузашти ӯ, Муҳаммадалии Муваҳҳидии Кирмонӣ раиси муваққати он шуд. Муҳимтарин масъулияти маҷмаъ, ҳалли ихтилофот миёни порлумон ва Шӯрои нигаҳбон аст.


XS
SM
MD
LG