Пайвандҳои дастрасӣ

Шредер ба шӯрои мудирони “Роснефт” шомил мешавад


Герҳард Шредер

Ҳукумати Русия хостааст, ки Герҳард Шредер, садри аъзами пешини Олмон, ба Шӯрои мудирони ширкати давлатии “Роснефт” пазируфта шавад.

Номи Шредер дар як феҳристи ҳафтнафарӣ ва бо имзои нахуствазир Дмитрий Медведев шаби 12-уми август дар вебсайти ҳукумати Русия нашр шуд.

Герҳард Шредер, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро дӯсти наздикаш медонад, дар ҳоли ҳозир ба ҳайси раиси кумитаи саҳмдорони Nord Stream AG кор мекунад. Nord Stream AG созмони таҳти роҳбарии “Газпром” аст, ки бо ҳадафи сохтани лӯлаи газ барои интиқоли гази Русия ба кишварҳои назди Балтик ва Олмон эҷод шудааст.

Кишварҳои ғарбӣ ширкати “Роснефт”-ро ба хотири ишғоли нимҷазираи Қрим аз тарафи Русия ва низ ҳимояти Маскав аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина ҳадафи таҳрим қарор додаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG