Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳасани Рӯҳонӣ бори дувум савганд ёд кард


Ҳасани Рӯҳонӣ бори дувум ба ҳайси раиси ҷумҳури Эрон савганд ёд кард. Ин маросим баъд аз зӯҳри 5-уми август дар толори Маҷлис ё порлумони Ҷумҳурии Исломӣ баргузор шуд.

Бино ба гузоришҳо, то шоми ҷумъа беш аз 70 ҳайати хориҷӣ, аз ҷумла ҳайати расмии Тоҷикистон барои иштирок дар маросими савгандёкунии Рӯҳонӣ вориди Теҳрон шуданд. Ба гузориши хабаргузории “ИРНА”, Федерика Моғеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ рӯзи ҷумъа вориди Теҳрон шуд ва рӯзи шанбе бо Ҳасани Рӯҳонӣ мулоқот кард.

Рӯзи гузашта созмони Афви Байналмилал аз Моғеринӣ хоста буд, ки ҳангоми сафар ба Теҳрон аз мақомҳои эронӣ бихоҳад, то фаъолони ҳуқуқи башарро озод кунад.

Рӯҳонии 68-сола, ки худро сиёсатмадори муътадил мешуморад, моҳи майи имсол барои даври дуюм раиси ҷумҳури Эрон интихоб шуд.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, рӯзи 3-юми август интихоби дубораи Рӯҳониро ба маснади раиси ҷумҳур тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки "ман раъйҳоро тасдиқ ва шуморо барои даври дуюм президенти ҷумҳурӣ таъин мекунам".

XS
SM
MD
LG