Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди хатар ҳомии ҳуқуқи қазоқро ба Фаронса бурд


Рамазон Есергапов

Рамазон Есергапов, ҳомии ҳуқуқ ва рӯзноманигори қазоқ ҳоло дар Порис қарор дорад. Дар ин бора ӯ рӯзи 4-уми август дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод. Есергапов маҷбур шудааст, ки ба далели таҳдиди хатар ба амнияташ Қазоқистонро тарк кунад.

Рӯзи 14-уми май афроди ношинос ба ӯ бо корд ҳамла карда буданд ва ахиран бархӯрд бо вай шиддат гирифта буд. Ҳомии ҳуқуқ ҳамчунин тарс дошт, ки ӯро зиндонӣ мекунанд. Ба гуфтааш, мақомоти қудратӣ мехостанд, нисбат ба ӯ парванда боз кунанд.

Есергапов мегӯяд, ӯ рӯзи 3-юми август ба Порис расид. Дар ибтидо на дӯстон, на мақомот ва на наздикони ҳомии ҳуқуқ аз макони ҷойгиршавии вай иттилоъ надоштанд.

Рамазон Есергапов бори охир рӯзи 1-уми август аз сӯи пулис боздошт шуда буд. Он рӯз пулис бо айби ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба Есергапов санад тартиб дод. Пулис ӯро дар ташкили роҳпаймоии ғайриқонунии рӯзи 29-уми июл дар Алмаато ба ҷонибдорӣ аз зиндониёни сиёсӣ айбдор мекард. Аммо дар робита ба бад шудани вазъи сиҳатиаш Есергапов аз идораи пулис рухсат ёфт.

Дар соли 2009 Есергапов, ки он замон ба ҳайси муҳаррири нашрияи "Алмаато-Инфо" фаъолият мекард, бо айби нашри сирри давлатӣ се сол зиндонӣ шуда буд. Рӯзноманигор айбҳоро рад ва сиёсӣ номид. СММ низ парвандаи ӯро баррасӣ карда, ба нафъи Есергапов ҳукм карда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG