Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов ҳунари ҷангиашро ба намоиш гузошт. ВИДЕО


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, дар размоишҳои низомие, ки рӯзи 1-уми август дар наздикии шаҳри Ишқобод баргузор шуд, иштирок кард. Ӯ ба роҳбарони ниҳодҳои низомӣ тарзи истифодаи силоҳ ва шамшерро омӯзонд.

Дар навори шабакаи телевизионии "Асри тилоӣ" Бердимуҳаммадов бо либоси низомӣ сабт шудааст.

Дар навор дида мешавад, ӯ аз снайпер тир мекушояд ва тираш ҳам ба ҳадаф мерасад. Роҳбарони ниҳодҳои низомӣ низ дар навор сабт шудаанд, ки ҳунарҳои раиси ҷумҳурро истиқбол мекунанд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов соли 2007 баъд аз марги Сафармурод Ниёзов президенти Туркманистон интихоб шуд. Ӯ табиби хоси Ниёзов буд.

Бердимуҳаммадов ҳамчун варзишкор, сароянда, аспшинос ва дӯстдори чой машҳур шудааст.

Бердимуҳаммадов ҳунари ҷангиашро ба намоиш гузошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

XS
SM
MD
LG