Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср шаш донишомӯзи қазоқро ба ватанашон "депорт" кард


Донишомӯзони қазоқ, ки дар Миср боздошт шуданд
Донишомӯзони қазоқ, ки дар Миср боздошт шуданд

Мақомоти Миср шаш донишомӯзи қазоқро, ки аз 19-уми боз июл дар боздошт буданд, ба ватанашон "депорт" кард. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Анвар Жайнақов рӯзи 2-юми август дар Фейсбук навишт, ки мақомоти Миср шаш донишҷӯро ба фурудгоҳи байналмилалии Қоҳира бурданд, то онҳоро ба Қазоқистон фиристанд.

Ба гуфтаи ӯ дипломатҳои Қазоқистон низ барои мулоқот бо донишҷӯён ба фурудгоҳ рафтанд. Якчанд акси донишҷӯён ва мақомоти Қазоқистон дар Фейсбук нашр шуд.

Жайнақов афзуд, ҳанӯз маълум нест, ки чаро мақомоти Миср ин нафаронро боздошт карданд.

Рӯзи 1-уми август Қазоқистон ба Миср нотаи эътирозӣ фиристод ва талаб кард, ки боздоштро шарҳ диҳад. Шаҳрвандони Қазоқистон барои давраи омӯзиши забон ба Миср рафта буданд ва дар Қоҳира зиндагӣ мекарданд. Дар нота ҳамчунин тақозо мешуд, ки Миср ба мулоқоти дипломатҳои қазоқ бо боздоштшудаҳо иҷозат диҳад.

Жайнақов қаблан гуфта буд, донишҷӯён ба тундгароии мазҳабӣ рабт надоранд.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки дар солҳои ахир садҳо шаҳрванди кишвар бо ҳадафи пайвастан ба гурӯҳҳои тундрав ба кишварҳои Ховари Миёна рафтаанд.

XS
SM
MD
LG