Чин мегӯяд, ки масъулияти ташаннуҷи авзо дар нимҷазираи Корея бар дӯши Вашингтон ва Пехенян аст, на Пекин. Дар ин бора хабаргузории Reuters аз қавли Лю Цзейи, намояндаи Чин дар Созмони Милали Муттаҳид гузориш дод.
Лю Цзеи гуфт, ки танҳо талоши Чин барои дастрасӣ ба натиҷаи воқеӣ кофӣ нест, зеро эътидоли авзо дар минтақа аз ду тарафи аслӣ - Амрико ва Кореяи Шимолӣ боваста аст. Ба гуфтаи дипломати Чин, масъулияти ташаннуҷи авзо дар нимҷазираи Корея бар дӯши Вашингтон ва Пхенян аст, ки намехоҳанд гуфтушунидро аз сар бигиранд.
Рӯзи 31 июл раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп Чинро, шарики муҳими иқтисодии Кореия Шимолиро барои нокомӣ дар пешгирӣ аз санҷиши барномаҳои ҳастаии Пхенян танқид кард.