Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав: Амрико теъдоди дипломатҳояшро дар Русия кам кунад


Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ҳатман теъдоди дипломатҳояшро дар Русия коҳиш диҳад ва бӯстонсарову анборҳои воқеъ дар Маскавро истифода накунад.

Вазорат бо пахши як изҳорот, рӯзи 28-уми июл инро иқдоми ҷавобӣ ба қарори қонунгузорони Амрико номид, ки алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ карданд ва санадро барои имзо ба президент Доналд Трамп фиристоданд.

Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, ки то 1-уми сентябри имсол Амрико теъдоди дипломатҳои сафорат ва консулгариҳояшро то 455 нафар, ба шумори дипломатҳои Русия дар Амрико баробар кунад.

Вазорат ҳушдор додааст, ки агар ИМА бар иловаи 35 дипломати рус, ки дар давраи раёсати Обама ихроҷ шуданд, ягон дипломати дигарро аз Амрико хориҷ кунад, ҷавоби ҳамсон хоҳад гирифт.

Вазорати умури хориҷии Русия мавқеи Амрикоро дар масоили байналмилалӣ "аз ҳад таҷовузкорона" унвон кард.

Рӯзи гузашта Сенати Амрико тарҳи ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Русияро бо 98 раъйи ҷонибдор ва 2 мухолиф тасвиб кард ва лоиҳаро барои имзо ба президент Трамп фиристод.

XS
SM
MD
LG